Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар Қазоқистон иштирок намуд

Октябрь 13, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Казоқистон ҷаласаи 30-юми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамчун пойгоҳи ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ иштирок доштанд.

Маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ (рақамӣ), усулҳои таҳлили маълумоти калонҳаҷм (BIG DATA) ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рушди неруи кадрӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд дар давлатҳои аъзои ИДМ, ҷараёни амалигардонии Протокол оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои амалӣ намудани маъмурикунонии андоз ва дигар масъалаҳо дар ҷаласа баррасӣ шуданд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд