Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»

Октябрь 18, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрўз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд. Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк иброз доштанд, ки «амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд. Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад. Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст».

Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намуданд, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.


«Дар ин росто, мо омодаи ҳамкории минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем. Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем», -таъкид намуданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 7 октябр дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа рух дод. Дар натиҷа беш аз 2400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти идораи маҳаллии мубориза бо офатҳои табиӣ, беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва 13 деҳа хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расид.

Баъдан дар Афғонистон боз силсилазаминларзаҳо ба амал омаданд, ки дар натиҷаи онҳо низ нафарони зиёд ҳалок ва маҷруҳ гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн