Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ бо ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Октябрь 19, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Шурои  ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад аларван дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Барои ҳайати меҳмонон дар сатҳи баланд  сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон дар осорхона бо таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба «Асри санг», «Асри биринҷ», «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Сосониён», «Ҳайтолиён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа», «Сомониён», толорҳои «Кулолгарӣ», «Мисгарӣ», «Мардумшиносӣ», «Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос  гардиданд.

Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд