«РИВОЯТҲОИ ҶОВИД» ДАР «ЧОДАРИ ХАЁЛ». Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Душанбе бо ин намоиш оғоз ёфт

Октябрь 24, 2023 14:46

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо намоиши «Ривоятҳои ҷовид»-и ҳунарпешагони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон кушода шуд.

Дар саҳни театр меҳмононро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони театр дар фазои идона ва бо шукуҳи хосса пешвоз гирифтанд.

Ҳар як ҳайати ҳунарпешагоне, ки аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ба ин фестивали байналмилалӣ омадааст, намоиши театрии худро манзур менамояд.

Фестивали байналмилалии «Чодари хаёл» дар Душанбе шуруъ аз имрӯз   ба иди лӯхтакҳо, даврони бачагӣ, ки бо некӣ, бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ тавъам буда, барои иттиҳоди фарҳангии давлатҳо хизмат менамояд, табдил мегардад.

Ҳамзамон имрӯз, соати 15:00 намоиши «Қанотҳои озодапаланг» дар иҷрои ҳунарпешагони Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон манзури тамошобинон мегардад.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2023 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд