РУШДИ САНОАТ. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии Хоруғ ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста шуд

Октябрь 26, 2023 19:28

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.    Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ якчанд корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуда, маҳсулоти онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ  гардида,  дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  хабар медиҳад.

Таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштараки саноатӣ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устувор аст.

«Сандал» дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайни хосса ба фаъолият пардохта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  харидорони зиёд дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошад.

17 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сандал» оғоз бахшиданд.

Корхонаи пойафзолбарорӣ аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, таҳти унвони «ЯК»  маҳсулот истеҳсол менамояд.

Корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншоот соли 2022 шуруъ гардида, он дар масоҳати 576 метри мураббаъ дар маркази шаҳри Хоруғ доман густурдааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амал» мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар минтақаҳои дурдасти мамлакат заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки тамоми таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Технологияи коргоҳ аз нигоҳи хароҷот каммасраф аст ва кори 2-3 соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад, инчунин 50 фоизи кор автоматӣ иҷро мегардад. Барои иҷрои корҳои дастӣ дар марҳилаи аввал 20 нафар ба кор ҷалб шуда, дар ҳолати пурра ба фаъолият пардохтани он то 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд. Кормандон низ аз ҳисоби сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ҷалб шуда, пеш аз фаъолият аз даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо инобати содаю осон будани раванди кор ва мувофиқ будан ба шуғли занон аксари кормандонро занону духтарон ташкил менамоянд, ки ҳар кадом таҷрибаи хуби чеварӣ дорад. Коргоҳ оянда истеҳсоли маҳсулоти худро зиёд менамояд. Талабот ба маҳсулоти коргоҳ моҳ аз моҳ афзоиш ёфта, роҳбарият дар фикри бунёди коргоҳи истеҳсоли чарм аст.

Барои истеҳсоли босифати пойафзоли «ЯК» ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ташхис гузаронида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво дар фасли сармо тамоми ҳуҷраҳои корию истеҳсолӣ бо печҳои ангиштӣ таъмин мебошанд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Октябрь 26, 2023 19:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Тоҷикистон дар таҳкими амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ баланд арзёбӣ гардид
Масъалаи таҳвили гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ карда шуд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти тиҷораткунонии ихтироот тақвият мебахшанд
Дар Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Хатлон оғоз мегардад
«Flaynas» ояндаи наздик дар масири Ҷидда-Душанбе-Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон имконияти платформаи рақамии амалиёти факторингӣ бо ширкати «OZPLANET» баррасӣ шуд
Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли макарон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» таҳия карда мешавад
Байни Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Татбиқи тарҳи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид