Сарвари давлат: «Ҷавҳари иҷтимоии ҷашни Меҳргонро рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ташкил медиҳад»

Октябрь 15, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ҷавҳари иҷтимоии ҷашни Меҳргонро ташкил дода, фалсафаи ин ойини дерина мардумро ба дӯст доштану ҳифз намудани табиати сарзамини аҷдодӣ, накӯкориву созандагӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Чунин таъкид шудааст дар  Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон.

Дар идома Пешвои миллат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳоло ин амалҳои нек ба рукнҳои ҷудоинопазири ҷаҳонбинии миллати мо табдил ёфтаанд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур намуда, ташаккул ёфтаанд.

«Як нуктаи бисёр муҳим қобили хотиррасон намудан аст, ки ойинҳои зикршуда ҳамчун омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллии мардуми мо дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳои мухталиф васила ва сипари боэътимоди ҳифзи арзишҳои деринаи миллиамон маҳсуб мешаванд», — иброз доштанд Президенти мамлакат.

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷашну ойинҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Меҳргон моро на танҳо бо тамаддуни чандинҳазорсолаи миллатамон пайванд медиҳанд, балки дар замони муосир мардуми мо, бахусус, наврасону ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ раҳнамоӣ месозанд.

Аз ин хотир, Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.

Аз ҳар як фарди Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омӯзад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 15, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид