СОМОНӢ – ПУЛИ МИЛЛӢ 23 СОЛ ДАР МУОМИЛОТ. Он дар байни пулҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун асъори устувору муътадил мавқеи хос дорад

Октябрь 31, 2023 16:07

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр аз рӯзи ба муомилот баромадани пули миллӣ – сомонӣ бисту се сол сипарӣ гардид ва ин яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Пули миллии тамоми тоҷикистониён-сомонӣ, ки 23-сола мешавад, дорои қурби устувор ва қобилияти баланди харидорӣ буда, дар байни пулҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун асъори устувору муътадил мавқеи хосро ишғол менамояд. 

26 октябри соли 2000 бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани устувории пули миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии «сомонӣ» ба имзо расид. Тибқи ин фармон, аз 30 октябри соли 2000 сомонӣ воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид ва он ҳамчун воситаи ягона ва номаҳдуди пардохт дар тамоми қаламрави мамлакат ҳисобида шуд.

Тавре дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди зиёда аз 10 моҳи дар муомилот арзи ҳастӣ намудани сомонию дирамҳои коғазӣ 3 сентябри соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили сохтори низоми пули мамлакат ба муомилот тангаҳои филизии арзишашон 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам бароварда шуданд, ки онҳо бо пулҳои коғазии  ҳамарзиш баробар гардиш менамоянд.

Бояд гуфт, ки ба муомилот ворид гаштани пули миллӣ дар таъмин ва таҳкими истиқлолияти мамлакат нақши муҳим бозида, ба ташкили низоми пулӣ, татбиқи воқеии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки принсипҳои асосии онро Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози дигаргунсозиҳои иқтисоди бозорӣ муайян намуда буданд, замина гузошт.

Фазои худии пулӣ ва пардохтӣ, ташкили низоми бонкии дусатҳа барои муътадилгардонии макроиқтисодӣ, ки дар он ба сиёсати монетарии Бонки миллӣ нақши асосӣ ҷудо шуда буд, шароити зарурӣ фароҳам овард.

Фаромӯш набояд кард, ки сомонӣ на танҳо воситаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ мебошад. Мояи ифтихори ҳамагон аст, ки пули миллӣ – сомонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю эҳтиром аст ва рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Имрӯз сомонӣ барои инкишофи муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимоди молиявӣ хизмат менамояд.

Сиёсати пулию қарзии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мешавад, маҳз ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат, пешгирӣ намудани афзоиши таваррум ва таъмини устувории қурби пули миллӣ, қобилияти харидории он равона  шудааст. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои номбурда пайваста тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад. Имрӯз тамоми созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод эътироф доранд ва ҳамкории судманду ҳамаҷонибаро бо он густариш медиҳанд.

Дар давраи баъди ба муомилот баромадани сомонӣ дар иқтисодиёти давлати тозабунёди мо тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Суръати миёнаи рушди иқтисодиёт дар як сол беш аз 8 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум аз 60,1 фоизи дар соли 2000 ба 3,9 фоиз дар 9 моҳи соли 2023 расонида шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳамкориро бо чунин созмонҳои бузургтарини молиявӣ, аз қабили Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд, Хазинаи Байналхалқии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Хазинаҳои мамолики араб ва бо якчанд бонкҳои азими  мамлакатҳои хориҷӣ муносибатҳои дуҷонибаи судмандро ҳамаҷониба густариш медиҳад. Имрӯз якчанд барномаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти молиявии байналмилалӣ сармоягузорӣ мешаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ тамоми шароитро муҳайё сохтааст. Мояи хушнудӣ аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд бонки хориҷӣ ва намояндагиҳои онҳо ташкил ва ба фаъолият шуруъ намуданд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, дар  айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 сентябри соли раовн дар маҷмуъ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, як бонки исломӣ, як ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби низоми бонкии ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 9 миллиарду 276 миллион сомонӣ қарз пешниҳод шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ё 42 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯз аз пештара дида, масъалаи баланд бардоштани боварии мардум ба бонкҳо ва ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ аз вазифаҳои муҳим дар назди кормандони низоми бонкӣ ба шумор меравад ва аз онҳо андешидани тамоми тадбирҳоро талаб менамояд.

Нишондиҳандаи дигаре, ки аз баланд шудани эътимоди аҳолӣ нисбат ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳанд, ин зиёд шудани шумораи муштариён мебошад, ки аз хизматгузории бонкӣ истифода мебаранд. Боиси тазаккур аст, ки теъдоди ин гуна муштариён сол аз сол меафзояд.

Аллакай дар амал ҷорӣ шудани низоми электронии пардохт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, QR- рамзҳо, постерминалу банкоматҳо дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ аз омилҳое ба шумор мераванд, ки имконият доданд боварии мардум ба низоми бонкдорӣ боз ҳам баландтар гардад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати инкишоф ва такмил додани фаъолияти низоми пардохтӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Яке аз роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ- ин ҳамчун воситаи пардохт васеъ истифода бурдани кортҳои пардохтии бонкӣ мебошад.

Бонкҳои тиҷоратӣ барои афзун намудани иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона мусоидат менамоянд. Дар айни замон бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили ҶСК «Ориёнбонк», КВД БА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата» ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСП Бонки «Арванд», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСК «Алиф Бонк», КВД БССТ «Саноатсодиротбонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ҶСК «Тавҳидбонк» ва ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон» дар рушди соҳа саҳми босазо мегузоранд.

Дар шашмоҳаи якуми соли равон тамоюли таҳким ёфтани шароити макроиқтисодӣ ва устувор гаштани муҳимтарин нишондиҳандаҳо идома ёфт, аз ҷумла Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии (ММД) мамлакат ба 54,2 млрд сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Бояд гуфт, ки маблағгузории қарзӣ ба иқтисодиёт сол то сол меафзояд. Қарздиҳии хурд яке аз манбаъҳои асосии захираҳои молиявӣ баҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ҳам талабот ба қарзҳои хурд хеле зиёд аст. Инро ба назар гирифта, Бонки миллии Тоҷикистон барои ривоҷ додани ин бахш тадбирҳои судманд андешид.

Бонки миллии Точикистон дар ин самт фаъолияти худро бо сармоягузорони хориҷӣ суръат бахшида, баҳри он заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам меорад, то маблағҳои ба воситаи бонкҳо, ташкилоти қарзии амонатии хурд ва ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ҷалбшуда на танҳо дар шаҳру ноҳияҳои калон, балки дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ низ ҳамчун қарзҳои хурд дода шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 31, 2023 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав 360 гектар замини корам бо оби полезӣ таъмин гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дорад
Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст