ТАЪМИНИ ГАРМӢ. Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд

Октябрь 19, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 18 октябр як қисмати шаҳри Душанбе, яъне ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Қиёмиддин Сайфуллоев хабар дод.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян, яъне марҳила ба марҳила зарур аст.

«Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд»,-иброз намуд Қиёмуддин  Сайфуллоев.

Тавре қаблан хабар додем, бино ба иттилои  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва ба амал омадани  борон дар назар аст. Ҳавои моҳи октябри имсола ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2022 монанд мешавад.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёд намудани иқтидорҳои нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад, ки ин иқдом метавонад баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъмини пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.

Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии мамлакатро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё худ барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ бобати таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 3000 нишондиҳанда, яъне иншоот бо гармӣ таъмин гардида, имсол дар мавсими 2023-2024 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо бояд 3 ҳазору 200 бинову иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин шаванд.

Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт  неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.

Бояд гуфт, ки сатҳи баланд ва бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тамоми бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат  муҳимияти зиёд дорад. Ин аст, ки бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷи филиали «Маркази барқу гармидиҳии 2», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна  муайян шудааст.

Бо мақсади таъмини талаботи филиали «Маркази барқу гармидиҳии 2» бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад. Захираи умумии ангишт ба санаи 1 октябри соли 2023  852  ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур ё 65,7 фоизи нақша захира шудааст.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тасвиб расид.

Бо қарори мазкур ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ин ситод имрӯз барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои ин қарор фаъолияти амалӣ  дорад.

«Пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор менамоем, ки шаҳрвандонро огоҳ созанд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд. Дар ҳамин замина бояд гӯям, ки то сипарӣ гардидани мавсим мо бо шабакаҳои гармидиҳӣ зич ҳамкорӣ намуда, ҳангоми ба амал омадани садама фавран онро бартараф месозем»,-изҳор медорад Қиёмуддин  Сайфуллоев.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 19, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид