Тоҷикистон бо Корпоратсияи «Росатом»-и Русия дар самти корҳои геологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак минбаъд низ ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии «Росатом» лоиҳаи рӯйпӯшкунӣ ва безараргардонии мавзеи саноатии «Табошар» дар вилояти Суғд татбиқ гардида, барои иҷрои корҳо 300 нафар мутахассисон аз Русия ва Тоҷикистон ҷалб гардиданд. Ин нукта зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Суғд ва Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои байни давлатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилоят маълумот дод, ки дар вилояти Суғд шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, бо ҷалби сармоягузорони рус дар бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон ба меҳмонон доир ба захираву имконоти вилоят дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва сайёҳӣ иттилоъ пешниҳод гардида, омодагии вилоят ба густариши робитаҳо баён дошта шуд.
Роҳбарияти «Росатом» дар зимн изҳор дошт, ки корпоратсия омода аст дар самти гузаронидани корҳои геологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак минбаъд низ ҳамкорӣ намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






