«УМҚИ НИГОҲ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳои рассомии Карим Наҷмиддинов доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои шоён ва пос доштани хотироти неки эҷодкорон таҳти унвони «Умқи нигоҳ» намоиши асарҳои рассомии Карим Наҷмиддинов баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар намоиш ректори Донишкада, рассомони мамлакат, наздикону пайвандон, шогирдон ва алоқамандони эҷодиёти пурғановат ва нотакрори Карим Наҷмиддинов иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш гуфта шуд, ки Карим Наҷмиддинов аз зумраи поягузорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то вопасин лаҳзаи ҳаёташ ба ҳайси мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ дар донишкада фаъолият намудаанд.
Карим Наҷмидинов дар бисёр жанрҳои санъати тасвирӣ (натюрморт, чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ) асар офаридааст. Ҳар асари офаридаи ӯ мазмуну мундариҷаи мушаххаси хосро доро мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






