«ЗАН-САРВАР». Беш аз 100 донишҷӯдухтари фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба машғулият ҷалб шуданд

Октябрь 27, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии даври омӯзишии «Зан-сарвар» оғоз  гардид, ки дар он беш аз 100 донишҷӯдухтари фаъоли донишгоҳ иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар машғулият муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардорони бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани ҷавондухтарон ба зинаҳои роҳбарӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди занону духтарони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва  мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.


Гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи занону духтарон дар мамлакат якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо амалӣ мегарданд, ки дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид менамоянд.

Имрӯз занон дар баробари мардон ҳамчун кормандони муваффақ дар соҳаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ эътироф мешаванд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳиме, чун тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, бонк, фарҳанг, соҳаи хизматрасонӣ ва маълумот, инчунин  нигоҳубини фарзандон ва пиронсолон бартарӣ доранд.

Сарварии занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон аҳамияти хос дошта, диққати муҳаққиқону коршиносонро ҷалб намуда, ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар таҳким ва рушди равандҳои ҷомеа мақом ва нақши махсус дорад.

АКС: Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт