Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

Ноябрь 17, 2023 17:32

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Мавзуи асосии рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили марбут ба амнияти иттилоотии ҷавонони давлатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа парламентарҳои ҷавони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Русия иштирок намуданд.

Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дилшод Раҳмон роҳбарӣ намуд.

Ҷаласаро ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, узви Кумитаи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ Лилит Минасян ифтитоҳ ва рӯзномаи ҷаласаро эълон намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил давоми ду соли охир сухан гуфт.

Раёсати Ассамблея аз зиммаи Арманистон ба Ҷумҳурии Беларус вогузор шуд.

Баррасии масоили амнияти иттилоотии ҷавонон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳар яке аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзуи асосии баҳсу назарпардозиҳо гардид.

Намояндагони ҳайатҳои парламентарҳои ҷавони давлатҳои Иттиҳод бо маърузаҳои хеш баромад намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон гурӯҳи махсусан осебпазири ҷомеа буда, ҷой доштани масоили ҳалталаб дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ин осебпазириро боз меафзояд. Дар ҷаҳони муосир талаботи ҷавонон ба Интернет аз талаботашон ба некуаҳволии моддӣ боло гирифта, танҳо аз талаботи физиологӣ қафо мемонад. Таъмини амнияти иттилоотӣ иштироки фаъол ва дастҷамъонаи се субъекти муносибатҳо: давлат, муассисаҳои таълимӣ ва оиларо тақозо менамояд. Дар ин раванд ҳамкории ҳамоҳангшуда бо истеҳсолкунандагону паҳнкунандагони маводи интернетӣ, иттиҳодияҳои экспертӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ-педагогӣ ногузир арзёбӣ мешавад.

Парламентарҳои ҷавон таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои муваффақонаи таълимиро ҷиҳати рушди донишҳои рақамии ҷавонон дар самти фаъолияти касбинтихобкунӣ, ҳуқуқӣ, психологию иттилоотӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа оид ба фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои хешро иброз намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи қаблӣ парламентарҳои ҷавон пешниҳод намуда буданд, ки дар доираи Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналхалқӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Озмуни байналхалқии тарҷума байни ҷавонон гузаронида шавад.

Лоиҳа 11 сентябри соли 2023 оғоз гардида, ба ҷавонони эҷодкори аз 14 то 35-cолаи ИДМ имконият медиҳад, то маҳорати эҷодӣ ва фарҳанги истифодаи забони русии хешро муаррифӣ намоянд. Яке аз се номинатсияи озмун- ин тарҷумаи асари тавсияшаванда аз забони русӣ ба яке аз забонҳои давлатии давлатҳои Иттиҳод мебошад.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаи эълон намудани соли 2024-ро ҳамчун Соли фаъолияти волонтёрӣ баррасӣ намуданд. Нақшаи чорабиниҳо беш аз сад аксияи байналхалқӣ, вохӯриҳо, конференсияҳо, тадқиқотро дар бар мегирад.

Чорабиниҳо ба такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкорӣ, рушди инфрасохтори фаъолияти волонтёрӣ, дастгирии тарғибот ҷиҳати фаъолияти ихтиёрии муфиди ҷамъиятӣ равона шудаанд.

17 ноябр парламентарҳои ҷавон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 56-уми АБП ИДМ иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2023 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд