Ҳамкории Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон имконияту шароит ва захираҳои ташаккули робитаҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва омӯзишии Академия бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташаккули ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамсуҳбатон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои муштарак, аз қабили симпозиумҳо, тренингҳо, даврҳои такмили ихтисос, ки мувофиқи манфиатҳои дуҷониба мебошанд, ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон бо мақсади тақвият додани омӯзиши забони арабӣ, дастгирии барномаҳои омӯзишии он, вусъат додани ҳамкории маданию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имконияти бунёди Маркази омӯзиши забони арабӣ дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба кӯшиши якҷоя дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ сафир бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон шинос шуда, ба имконияту шароити барои донишҷӯёну магистрантон ва кормандон ба вуҷуд оварда баҳои баланд дод.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






