АВВАЛИН ДАР ТОҶИКИСТОН. «Бонки Эсхата» мақоми бонки тасдиқкунандаро гирифт

Ноябрь 30, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» аввалин муассисаи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар доираи барномаи маблағгузории тиҷорати Бонки Осиёии Рушд (БОР) мақоми бонки тасдиқкунандаро гирифтааст. Созишнома дар бораи додани мақоми бонки тасдиқкунанда байни БОР ва Бонки Эсхата 15 ноябри соли 2023 ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истионд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» хабар медиҳад.

Ин чӣ маъно дорад?

Ин маънои онро дорад, ки Бонки Эсхата ҳамчун бонки тасдиқкунанда уҳдадориҳои пардохтии бонк ё харидории хориҷиро ба фоидаи содироткунанда/воридоткунанда бо ҷуброни минбаъдаи маблағ аз контрагентҳои хориҷӣ иҷро менамояд. Ҳамин тариқ, бенефитсиар кафолати пардохти дукаратаро пайдо менамояд.

Бояд иброз намуд, ки тасдиқи аккредитив ва кафолатҳо ҳангоми хизматрасонии содиротӣ-воридотии амалиёти мизоҷон бо истифода аз воситаҳои маблағгузории тиҷорати кӯтоҳмуддат тавассути тасдиқи аккредитив ва кафолатҳои аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ аз номи воридоткунандагон/содиркунандагон баровардашуда амалӣ мегардад.

БОР дар доираи барномаи “Маблағгузории тиҷорат” ба бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ (ба бонкҳои тасдиқкунанда) кафолат медиҳад. Дар ин ҳолат бонк хавфҳои пардохти сиёсӣ ва тиҷоратиро барои муомилоти аз ҷониби бонкҳои иштироккунанда (бонкҳои эмитент) дар давлатҳои амалиётии Бонки Осиёии Рушд анҷомдода бар дӯш мегирад.

Тавре муовини сардори Департаменти молияи Бонки Эсхата Далер Содиқов иброз дошт, тасдиқи Бонки Эсхата дар доираи кафолатҳои БОР метавонад барои таъмини пардохти воситаҳои зерин истифода шавад:

  • аккредитивҳои ҳуҷҷатӣ, аккредитивҳои захиравӣ барои муомилоти тиҷоратии аз ҷониби бонкҳои эмитентӣ пешниҳодшуда, пардохтҳои батаъхиргузорӣ аз рӯи аккредитивҳо ва ғайра;
  • тасдиқ ва дисконти аккредитиви содиротӣ дар ҳолати таъхири пардохт аз ҷониби содироткунанда;
  • кафолати пешпардохт ва дигар намудҳои кафолатҳои пардохт;
  • кафолатҳои иҷрои уҳдадориҳо ва дигар кафолатҳои шартномавӣ;

Бонки Эсхата аз соли 2012 ба ҳайси бонки эмитент дар доираи Барномаи маблағгузории тиҷорати Бонки Осиёии Рушд сабт шудааст. Тибқи созишномаи нав аз 15 ноябри соли 2023, бонк мақоми Бонки тасдиқкунандаро соҳиб шудааст. Фарогирии барнома зиёда аз 200 бонки тасдиқкунандаи 90 давлати ҷаҳонро дар бар мегирад.

АКС: «Бонки Эсхата»

Ноябрь 30, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1060 то 0.1080 муқаррар шудааст
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2516 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1080 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2500 то 9.2700 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудаас
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст