Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд

Ноябрь 29, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)  TAD7004  — «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» маросими расмии супоридани хроматографи ионӣ ба озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд.

Ҳадафи лоиҳаи TAD 7004 омӯзиш, арзёбӣ ва инчунин муайян намудани равандҳои гидрологии таназзули пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои миллӣ оид ба самти пешбурди устувории экологӣ ва идоракунии бомароми захираҳои обӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дарҷ шудаанд, ҳамаҷониба мувофиқат менамояд.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо ва истифодаи технологияҳои нави таҳлил ва мониторинги таназзули пиряхҳо барои чен намудани ҷараёни об дар дарёҳои пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин барои моделсозӣ, пешгӯйӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири иқлим зарур аст.

Гуфта мешавад, ки дар солҳои оянда Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи TAD 7004 омодасозии кадрҳои Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро низ идома дода,  ба ин васила иқтидори миллии илмиро ба вуҷуд орад, ки онҳо омӯзиши пиряхҳо ва қабати барфро дар шароити тағйирёбии иқлим арзёбӣ намоянд.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид