Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ машғулият баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадорӣ аз Ҷумҳурии Туркия даври омӯзишӣ оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Машғулият бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани касбияти масъулини нуқтаҳои хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» ва лоиҳаи «Тарбияву таълими ҷавонон ва бокортаъминкунии онҳо» ташкил гардид.
Машғулият то 18 ноябр дар донишгоҳ баргузор шуда, довталабон баъд аз анҷоми он бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд. Аз рӯи нақша, дар даврҳои омӯзишӣ 557 нафар кормандони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои мамлакат, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 427 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва инчунин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 130 нафар иштирок намуда, ба онҳо 4 ихтисос, аз ҷумла «Хизматрасонӣ дар тарабхона», «Азхудкунии касби Бариста», «Азхудкунии гастрономия ва пухтупаз» ва «Идоракунии тарабхона» омӯзонида мешаванд.
Кумита ҷиҳати баргузории машғулият ва баланд бардоштани хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо истифодаи таҷрибаи пухтупаз, хизматрасонӣ ва тарабхонадории Ҷумҳурии Туркияро ба мақсад мувофиқ шуморида, 4 нафар ровиёни дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадориро аз Ҷумҳурии Туркия даъват намуд.
Баргузор намудани чунин машғулияти кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, ба ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд






