«БО РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ — 2023». Нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб муаррифӣ гардид

Ноябрь 22, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази намоишгоҳии «Атакент-Экспо»-и шаҳри Алматои Қазоқистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон  таҳти унвони «Бо роҳи бузурги абрешим — 2023» баргузор шуд. Дар ин хусус сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар қатори ноширони давлатҳои  Федератсияи Русия, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Озарбойҷон Тоҷикистонро нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» намояндагӣ менамоянд.

Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд.

Кори Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон то 24 ноябр идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид