Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 3, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллӣ дар замони истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 Дар конференсия дар мавзуъҳои «Моҳияти инсонпарваронаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ», «Тағйроту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таҳкими системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ» маърузаҳо ироа гардиданд.

Иброз шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуда, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузории маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияе аст, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро ифода менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад