Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят ҷамъбаст гардид

Ноябрь 17, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуруъ аз 1 ноябр Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят дар байни калонсолон, занон ва идораву муассисаҳо баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 40 даста бо теъдоди 400 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Имрӯз, 17 ноябр дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол ҷамъбаст гардид.

Раиси вилоят ғолибонро барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ варзишгаронро дастгирӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои онҳо пайваста кӯшиш менамояд.

Аз рӯи натиҷаи мусобиқа дар байни калонсолон ҷойи якумро дастаи Шуғнон-1, ҷойи дуюмро дастаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» ва ҷойи сеюмро дастаи Шуғнон-2 сазовор гардиданд.

Дар байни дастаҳои занон ҷойи якумро дастаи комиссариати ҳарбии вилоят, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва ҷойи сеюмро Маркази саломатии шаҳр  соҳиб шуданд.

Байни идораву муассисаҳои вилоятӣ ҷойи якум ба дастаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, ҷойи дуюм ба «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилоят ва ҷойи сеюм ба дастаи Шуғнон-1 дода шуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Ҷоми раиси вилоят, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 17, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд