Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ифтитоҳ гардид

Ноябрь 18, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 18.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи Наврӯз Восиев баъди навсозӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Бинои муассиса соли 1990 сохта шуда, бо гузашти солҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Дарғ бинои муассиса пурра навсозӣ шуда, дар он шароити муосири донишандӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон сокини ҳамин деҳа Одинабика Восиева маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашро барои навсозии мактаби деҳа сарф намудааст. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,60 гектар буда, бинои мактаб аз се ошёна иборат мебошад.​ 26 синхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон ба системаи ягонаи гармидиҳии худӣ пайваст буда, дар фасли тирамоҳу зимистон дохили бинои таълимӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассиса кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла фанни физика, химия, биология ва иттилоот бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, таълим бо истифода аз технологияи навтарин амал менамояд.

Ҳоло дар ин муасисаи таълимӣ қариб 300 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 30 омӯзгор барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расидани шогирдони худ заҳмат мекашанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёд, таъмиру навсозии беш аз 15 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 18, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд