Дар доираи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021- 2024 ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона мегардад
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи марҳилаи аввали Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021- 2024 ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона мегардад. Лоиҳаи нави Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳолати таҳия қарор дошта, ҳаҷми маблағгузории он соли 2024 муайян мешавад. Дар ин хусус 27 ноябр дар ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Брюссели Белгия таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сарпарасти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ҷаласи мазкур ҷонибҳо барои афзоиш додани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат меҳисобад. Бахусус Иттиҳоди Аврупо аз соли 2012 инҷониб ба рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 миллион евро ҷудо намудааст. Соли 2022 гардиши савдои хориҷии дуҷониба 12,5 фоиз рушд намуда, 490 миллион долларро ташкил дод.
Дар робита ба ин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 2 июни соли равон дар густариши ҳамкории дуҷониба саҳифаи нав кушод.
Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, иқтисоди “сабз”, сармоягузорӣ, саноат, рақамикунонӣ, дастгирии буҷет, маориф, тандурустӣ, амнияти сарҳадот, ҳамгироии минтақавӣ, шомилшавӣ ба низоми бархурдории GSP+, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Иттиҳоди Аврупо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ хуб арзёбӣ намуда, омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок баён намуд.
Инчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди ҳамкории минбаъда бо Иттиҳоди Аврупо якчанд лоиҳаи афзалиятнок, аз ҷумла лоиҳаҳои татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ», (КАДАП-7) ва «Таъсиси технологияҳои бисёрхизматии алоқа байни сохторҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.
Илова бар ин тарафҳо ҷараёни таҳияи Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро хуш пазироӣ намуда, суръат бахшидани раванди мувофиқасозии онро зарур шумориданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд






