Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба Соли забони русӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли забони русӣ эълон гардидани соли 2023 таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, робитаи байнифарҳангӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус» бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд, ки «дар тамоми зинаҳои таҳсилот – шуруъ аз муассисаҳои томактабӣ то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсил ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад».
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Мушкилот ва муаммоҳои тарҷумаи осори адабӣ дар замони муосир», «Масъалаҳои мубрами методикаи таълими адабиёти рус», «Аз таърихи тарҷумаҳои русии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа гардиданд.
Конференсия кори худро дар панҷ бахш идома дода, зиёда аз 100 маърузаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи мавриди назар мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифт.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






