Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маркази ташхиси экологӣ ва озмоишгоҳи таълимӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маркази ташхиси экологӣ бо озмоишгоҳи таълимӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Марказ ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландпояи илмӣ ва гузаронидани ташхисҳои озмоишгоҳӣ – экологӣ мусоидат намуда, дар он машғулияти амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои «Экспертизаи экологӣ», «Экологияи амалӣ», «Ботаника бо асосҳои экология», «Гидроэкология», «Физиологияи растаниҳо», «Фитопатология», «Экологияи хок», «Экологияи кишоварзӣ» ва ғайра гузаронида мешаванд.
Бо таҷҳизоти марказ ташхиси таркиби химиявӣ, физикӣ, микробиологӣ ва бактериалии намунаҳои оби ошомиданӣ, партовобҳои маишӣ, партовобҳои саноатӣ, ченкунии сатҳи садо, таркиби ҳавои атмосфера, сатҳи радиатсия ва ғайра гузаронида мешавад. Дар ин замина, дар марказ машғулияти амалӣ дар ҳаҷми 18 соат, лабораторӣ – 24 соат гузаронида шуда, ғайр аз он гурӯҳи муҳаққиқон (устодон, магистрантон ва донишҷӯён) беш аз 140 намунаи оби ошомиданӣ ва партовобҳоро бо таҷҳизоти муосир имкони ташхис намудан доранд.
Таҷҳизоти муосир бо дастгирии Намояндагии котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 300 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, номгӯи онҳо аз мултиметр, спектрофотометр, автоклав, тарозу бо хушккунӣ, яхдони статсионарӣ, яхдон барои корҳои саҳроӣ, спектрофотометри бисёрвазифавӣ, дистилятор, маҷмуи таҷҳизот барои ташхиси бактериологӣ, маҷмуи зарфҳои химиявӣ ва биологӣ барои гузаронидани ташхис, маҷмуи реактивҳои химиявӣ иборат мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи марказ директори Намояндагии котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оливе Норманд, намояндагони дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Маркази таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуда, ин ташаббусро самараи татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров








Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт






