Дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ҷаласа доир шуд. Ҷаласа бо мақсади омӯзишу мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ.
Ҷаласа бо мақсади беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ дар самти такмилу таҳкими солимӣ ва беҳбудӣ доир гардида, ба мубодилаи асосноки таҷрибаи амалӣ, мушкилӣ ва ақидаҳо ба такмилу таҳкими сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва вазъи умумии солимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Ҳамкории бисёрҷониба байни шарикони рушд ва вазорат қадами назарраси ҷонибдории тарафайни мо дар самти муайян намудани афзалиятнокӣ ва такмили солимӣ ва беҳбудии аҳолӣ аст. Тавассути фаъолияти якҷоя мо метавонем таҷрибаи касбии худро муттаҳид намуда, ба таври самаранок низоми тандурустиро мустаҳкам намоем.
Саъю кӯшишҳои муштарак ҷонибдории умумиро дар самти дастрас шудани Ҳадафҳои рушди устувор, ки бо афзалияти миллӣ оид ба ҳифзи солимӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мувофиқ мебошанд, таъкид менамояд. Ҷаласа бо ифодаи ҷонибдорӣ ва тасмим дар самти тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва робитаю муошират ба итмом расид.
Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назари ягонаро нисбат ба фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ барои ҳамагон ҷонибдорӣ намуда, дар самти такмилу таҳкими низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҷаласа маҳз бо мақсади омӯзиши муштарак, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва баланд бардоштани ҳамкорӣ доир гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






