Дар Душанбе оид ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдорӣ конфронс доир гардид

Ноябрь 11, 2023 14:57

ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзида иштирок намуданд.

Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода изҳор дошт, ки дарки манфиатҳои миллӣ, як тарафи масъала ва бо назардошти таҳаввулоти бавуҷудомада бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ таъмини онҳо дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, тарафи дигари масъала мебошад.

«Тамоюл ва равандҳое, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ ба амал меоянд, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу давлатҳо ва ташаккули низоми фарогири робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ байни онҳо ҳамзамон пайомадҳои номатлуберо низ, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайраҳоро дар пай доранд»,-баён дошт ӯ.

Бино ба таъкиди Парвиз Муҳаммадзода, дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, ки фаҳмиши илмии онҳо гуногун аст, дар ҳар марҳалаи таърихӣ тағйир меёбад ва барои дилхоҳ мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Тавре ӯ гуфт, «агар манфиатҳои миллӣ маҷмуи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатҳо бошанд, пас онҳо марҳала ба марҳала тағйирпазир мегарданд. Аммо, муҳимтар аз он,  манфиатҳои ҳаётан муҳим-ҳамчун маҷмуи эҳтиёҷот ба ҳисоб мераванд, ки ба ҳифзи онҳо мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат алоқаманд аст. Зеро маҳз амнияти миллӣ ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлат аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ фаҳмида мешавад»,–илова намуд мавсуф.

Дар конфронс иброз гардид, ки таърихи сиёсии тоҷикон барои ташаккули ватандӯстию ифтихори миллӣ заминаи қавӣ буда, сабақҳои таърихии он омили муҳимтарини ваҳдату ягонагии миллӣ дар шароити кунунӣ мебошанд. Зеро масъалаи ҳувияту худогоҳӣ барои Тоҷикистони муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Тоҷикистон аз назари геополитикию мавқеи ҷуғрофияш дар макони бархӯрди даъвоҳои геостратегии қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад.

Баромадкунандагон зарурати рушду таҳкими худшиносии миллии тоҷиконро, пеш аз ҳама, аз он мавқеъ зарур мепиндоранд, ки он бевосита ба решаҳои ҳастии давлати миллӣ робитаи ногусастанӣ дошта, рукни муҳими давлатсолории миллат мебошад. Илова бар ин, таҳаввули ин падидаро метавон ҳамчун сабақи таърихӣ барои тоҷикон арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои  манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллии тоҷикон; таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазъи кунунии ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва ғайра маъруза намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2023 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд