Дар Душанбе оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ чорабинӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр чорабинии муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Таъкид гардид, ки дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Гуфта шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик давраи басо мушкилро паси сар намуда, бо як қатор душвориҳо рӯ ба рӯ гардид. Барои пешгирии парокандашавии давлат, барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад. Дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз зимоми давлатсозӣ ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод.
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ва давоми фаъолият ҳамчун Сарвари давлат баргардонидани гурезагон, таҳкими барқарорсозии субот, ҳокимияти давлатӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳад, эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таъмини зиндагии осоиштаю арзанда барои ҳар як сокини мамлакатро ҳамчун вазифаҳои меҳварии ҳукумати нав муайян намуда, барои иҷрои ин ҳадафҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешид. Аз ҷумла, барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фароҳам оварда шуд», — тазаккур дода шуд дар чорабинӣ.
Дар идома иброз гардид, ки бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияву стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд.
АКС: Агентии хизмати давлатӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






