Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши оммавии фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд

Ноябрь 16, 2023 18:05

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 15 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар як фазои идона ҳамоиши  оммавии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи  давлатӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш  роҳбарияти шаҳри Хоруғ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, бо намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои варзишию илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, расму мусаввараҳое, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос шуданд.

Дар ҳамоиш оид ба Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо ибрози назар гардид.

Гуфта шуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари ҳокимият омадан корро аз таъмини сулҳ ва барқарорсозии давлат оғоз намуданд. Маҳз ҷоннисорӣ, заҳмату талош ва такопӯҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мамлакат аз вартаи нобудӣ халос ёфт.

«Эътибору нуфузи кунунии Тоҷикистон аз хидматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст ва имрӯз моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи соҳибтамаддун ва давлати озоду демократӣ эътироф менамояд», — таъкид гардид дар ҷамъомад.

Бояд гуфт, ки бо назардошти саҳми арзандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини мамлакат, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ аз соли 2016  16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Ҳамзамон барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Ноябрь 16, 2023 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид