Дар мавзеъҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Хоруғ корҳои бехатаргардонӣ анҷом дода шуд

Ноябрь 2, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади паст намудани хатари офатҳои табиӣ ба аҳолӣ, махсусан сангрезӣ ва сел, ҳамзамон омодагӣ ба зимистонгузаронӣ  дар мавзеъҳои  наздик  ба маҳаллаҳои Сайфулло Абдулло, Баракат, Носири Хусрав  ва маҳаллаи Олимназари Холиқназари  шаҳри Хоруғ корҳои бехатаргардонӣ  анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарияти лоиҳа бо маҳаллаҳои осебпазир ва мавзеъҳои хатарноки шаҳр шиносоӣ пайдо намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ин иқдом дар дигар мавзеъҳои хатарнок низ то охири сол идома дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар доираи татбиқи тавсияҳои Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 30 давлати Осиё, намояндагони дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда,  ба масъалаи ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 2, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд