Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар 17 корхонаи саноатӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 17 корхона фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 280354, 0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро дар бар мегирад. Дар он 33 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 26 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 7 субъектро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маҳсулоти гуногун, ба монанди гелио коллекторҳои офтобӣ, қубурҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангҳои берунии девор ва колерҳо, профилҳои пластикӣ барои дару тиреза, қуттиҳои пластикӣ барои нигоҳ доштани меваҳои тару тоза, маҳсулоти гўшти ва ғайра истеҳсол карда мешавад.
«Ариана Металл Пласт» -аввалин корхонае, ки дар Тоҷикистон бозича истеҳсол менамояд
Ёдовар мешавем, ки 24 октябри соли 2018 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ истеҳсол гардида, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбекистон ворид мегардад. Ба таъкиди мутахассисон, дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешаванд. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза ва воридотивазкунанда мебошад.
«Афранг пласт» дар як сол имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намояд
ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг пласт» яке аз корхонаҳои дигари истеҳсолӣ аст, ки 23 марти соли 2020 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба фаъолият оғоз намуд. Корхона ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул буда, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд.
Ба иттилои масъулин, дар як сол «Афранг пласт» имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намуда, ба бозор пешниҳод созад, ки он ба коҳишёбии воридот ин маҳсулот аз хориҷи мамлакат мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 35 фоизи маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур барои содирот ба хориҷи ҷумҳурӣ пешбинӣ гардида, боқимондаи он ба бозорҳои дохилӣ барои қонеъсозии эҳтиёҷоти худӣ бароварда мешавад.
Корхона бо ашёи хоми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия фаъолият намуда, хатҳои истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркия дастрас гардидаанду насли нави таҷҳизоти корӣ ба ҳисоб мераванд, сифати баланди маҳсулотро таъмин месозад.
«Силкоат бойя» — ғолиби озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ
Корхонаи дигари муштараки Тоҷикистону Туркия «Силкоат бойя» , ки дар МОИ «Суғд» фаъолият дорад, ранг ва андоваҳои минералӣ истеҳсол менамояд. Зардеворҳои моеъ ва омехтаҳои хушки сохтмонии ин корхона зиёда аз 14 сол боз дар Тоҷикистон бо сифати баланд маъмул гардидаанд. Имрӯз ин корхона қариб 120 намуд маҳсулотро ба бозори сохтмонӣ пешниҳод мегардонад. Ашёи хоми корхонаи мазкур аксаран ватанӣ буда, аз маъданҳои минтақаҳои Варзобу Ванҷ истифода мешаванд. Хусусияти асосии маҳсулоти ин корхона он аст, ки аз маводи кимиёвии зарарнок орӣ буда, аз худ бӯи ғализ ё зараровар ҷудо намекунанд.
Рангҳои сохтмонӣ, ки «Силкоат Бойя» истеҳсол мекунад, бидуни истифодаи маҳлулҳои химиявӣ аз об ва маҳлулҳои табиӣ тавлид мегарданд. Ин рангҳо ҷилодор буда, намӣ ва об намегузаронанд. Маҳсулоти дигари корхона маводи муҳофизатии бинокории декоративӣ аз сангҳои табиӣ ва мармар, масолеҳи андоваю пардози деворҳои дарунӣ ва берунии иншоот аст.
Мавриди ёдоварист, ки соли 2020 дар озмун ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ, дар қатори чаҳордаҳ корхонаи давлатҳои аъзо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ғолиби озмун (лауреат) гардид.
Дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад
Дар айни замон дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва Кўлоб амал менамоянд. МОИ «Суғд» ва «Панҷ» соли 2008, МОИ «Данғара» ва «Ишкошим» соли 2009 ва МОИ «Кӯлоб» соли 2019 таъсис дода шудаанд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси минтақаҳои озоди саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани ашёи хом, бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори дохилӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст. Барои фаъолияти бемонеа ва самарабахши соҳибкорону сармоягузорон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҷмӯан зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайян шудаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз