Дар Муъминобод коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони коргоҳи маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» минбаъд ҷурғоту қаймоқ, сметану творог, равғани маска ва чаккаву дӯғи аз лиҳози экологӣ тозаро тавассути дастгоҳҳои пешрафтаи соҳавӣ истеҳсол намуда, бо сифати баланд пешниҳоди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Муъминобод мегардонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки 21 октябри соли равон дар деҳаи Шаҳринави поёни деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод коргоҳи маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 10 нафар бо шуғл таъмин гардиданд.
Хати технологии Корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ «Заркорон» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 44 тонна шир дар як моҳ буда, арзиши лоиҳавии он 2,9 миллион сомонӣ мебошад. Дар корхона 10 намуд маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда мешавад.
Бо ба фаъолият оғоз намудани Фермаи ширии ҷамъияти «Заркорон» ҳаҷми воридоти шир ба корхона бештар ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ афзоиш дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






