Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркия корхонаи хурди банду басти мева бунёд мегардад

Ноябрь 10, 2023 17:57

ДУШАБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид, ки зимни он масъалаи бунёди корхонаи хурди банду басти мева баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар оянда ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишоварзони Туркия, воридоти чигит, тухмии картошка ва дигар зироат, техникаи кишоварзӣ сари вақт амалӣ карда шавад.

Намояндаи Агентии Туркия Иброҳим Этҳем Унал ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева,  омӯзиши мутахассисони соҳа, самтҳои  афзалиятноки соҳа  ва амалӣ намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.

АКС: Маркази  матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид