ФОРУМИ XI ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД. Ҳайати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар он иштирок дорад

Ноябрь 18, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 ноябр дар бинои Ситоди генералии Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми Xl фарҳангҳои муттаҳид баргузор мешавад, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Дар форум намояндагони 73 давлати ҷаҳон, мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар бахшҳои гуногун, асосан дар мавзуъҳои соҳаи фархангу ҳунар суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷараёни форум ду маротиба вобаста ба фарҳанг, баргузории чорабиниҳо ва сафарҳои ҳунарӣ сухан гуфт.

17 ноябр мулоқоти дуҷониба байни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанги Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар доираи баргузории форум намояндагони давлатҳои иштирокчӣ нақшаҳои табодули минбаъдаи фарҳангӣ, сафарҳо ва чорабиниҳои дигари соҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон 17 ноябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар чорабинии умумии анҷуман иштирок намуда, бо иштирокчиён гуфтугӯи самимона намуд.

Дар ҷараёни форум, ки аз 16 то 18 ноябр идома меёбад, дар шаҳри Санкт-Петербург барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир шуда, сокинон ва меҳмонони хориҷӣ бо осорхонаҳо ва намоиши нигораҳои таърихиву фарҳангӣ шинос мешаванд.

Форум пас аз танаффуси mairie-de-collegien.fr/logs/synthroid.html асари пандемияи COVID-19 баргузор шуд. Он ҳамасола аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия, Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва ҳукумати Санкт-Петербург гузаронида мешавад.

Дар доираи форум аз ҷониби вазирони фарҳанги ду давлат Барномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд