Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон ва барф) ба амал омада, рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 8+13 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8, рӯзона 14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал омада, рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа, рӯзона 11+16 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






