«МАБЛАҒГУЗОРИИ ИҚЛИМӢ». Дар Душанбе оид ба ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар мавзуи «Маблағгузории иқлимӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи машварат Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва директори кишварии Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон сухан гуфтанд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба миқдору сифати захираҳои об, соҳаҳои иқтисоди мамлакат ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Барои пешгирӣ аз ин пайомадҳои ногувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллии рушд ва нақшаҳои амал, аз ҷумла доир ба беҳдошти муҳити зист, биёбоншавӣ, идоракунии об ва замин, обхезӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ татбиқ мешаванд.
Баъдан оид ба мавзуи машварат коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳавӣ рӯнамоҳо манзур намуданд.
Ҳадафи асосии машварати омӯзишӣ — баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва таҳкими дониши иштирокчиён оид ба маблағгузории иқлимӣ буда, инчунин баррасии мушкилиҳо ва имконияти ҷалби сармоя барои самтҳои афзалиятноки Саҳми дар сатҳи миллӣ муйяншуда мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






