Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ соҳиби таҷҳизоти ташхисӣ ва табобатӣ гардид

Ноябрь 16, 2023 17:56

ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ,  тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ аз ҷониби  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти ташхисӣ (ултрасадо) ва табобатӣ (рентгентерапия) тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд. 

Зимни баргузории ҷамъомад ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ доир ба ҳамкории самарабахши ин ду ниҳод изҳори назар намуда, ҷиҳати сари вақт ташхис ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ  аз номи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)  ин таҷҳизоти муосирро ба сардухтури Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода   супориданд.

Дар доираи ин лоиҳаҳо се нафар корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла  Федератсияи Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар самтҳои ташхиси нурӣ, томографияи резонанси магнитӣ (МРТ) ва табобати нурӣ омӯзиш гирифтанд.

Мақсад аз татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ  тақвияти кори марказҳои саратоншиносӣ ва   рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ ҷиҳати сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ мебошад.

Дар солҳои оянда дар доираи ин лоиҳа хариди дигар таҷҳизоти ташхисию табобатӣ ва омӯзондани кормандони касбии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид