Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он 51 субъекти ватанӣ ғолиб дониста шуда, ҳавасманд гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии содирот якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд гузаронида шуда, дар он 84 субъекти ватанӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, дархост пешниҳод намуданд. Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб шуданд. Ғолибон соҳиби ҳайкалча ва диплом гардиданд.
Роҳбарияти Агентии содирот дар маросими мазкур аҳамияти дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашударо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин замина, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди пурраи онро шарҳ дода, дар натиҷаи амалишавии ин иқдом ғанӣ гардидани буҷети давлативу дарёфти манбаъҳои нави воридоти асъори хориҷӣ баҳри муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррумро дар ҷумҳурӣ таъкид намуд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба соҳа, инчунин ба ҳамаи ғолибони озмуну иштирокчиёни чорабинӣ ва шарикони рушд барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушди иқтисодиёти миллӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.


Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» соли дуюм аст, ки таҳти дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумакҳои сарпарастону шарикони рушд дар доираи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор мегардад.
Мақсади баргузории озмун- ин дарёфти содироткунандаи боэътимод, рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, дуруст ва дақиқ муайян намудани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидори содиротии онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2021 «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст.
Ҳадафи он ташаккули Низоми миллии дастгирии содирот, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ, муаррифии маҳсулоти содиротии ватанӣ ва содироткунандагон, баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва дарёфти бозорҳои нави содиротӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






