Паҳлавонони навраси тоҷик дар ду рӯзи Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо сазовори се медали тилло шуданд

Ноябрь 18, 2023 11:12

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон ва ҷавонон, ки то 19 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро Лоиқ Қутбиддинов ва Икром Шамсов дар вазни то 55 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг , Ворис Назаров дар вазни то 66 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг намояндагӣ намуданд.

Аз байни онҳо Лоиқ Қутбиддинов ва Ёсин Бобокалонов ба гирифтани медалҳои тиллои мусобиқа даст ёфтанд. Ворис Назаров дар даври тасаллобахш ноком шуда, мақоми 7-умро соҳиб шуд. Мадина Қурбонзода бо Икром Шамсов дар рақобат барои медалҳои биринҷӣ ноком шуда, мақоми 5-умро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон дар шаҳри Тошканд ҷудочиёни тоҷик ба гирифтани як медали тилло даст ёфтанд. Муҳиддин Асадуллоев бо мағлуб намудани ҳамаи рақибон дар вазни то 73 кг медали тиллои мусобиқаро ба даст овард. Ин медали сеюми тиллои Тоҷикистон дар ин мусобиқа маҳсуб мешавад.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон дар Тошканд Аминҷон Абдуҷалилзода бо Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Ҷаҳонгир Норов ва Яҳё Алиев дар вазни то 90 кг, Шоҳмирхурдӣ Бурҳонзода ва Аҳмад Табаров дар вазни ҷамъи 90 кг муаррифӣ намуданд. Муҳиддин Асадуллоев бо мағлуб намудани Нурмуҳаммад Муротов аз Қирғизистон, Ким Йонгмин аз Кореяи Ҷанубӣ ва Арсен Анарбеков аз Қирғизистон ба финали мусобиқа роҳ ёфт ва он ҷо бо шикаст додани Азамат Облокулови узбек медали сеюми тиллоро дар Чемпионати Осиё барои Тоҷикистон ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи рақобатҳо байни наврасон ҷудочиёни мо ба гирифтани се медали тилло- Лоиқ Қутбуддинов дар вазни 55 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг мушарраф гардиданд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 18, 2023 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд