Парафшонии Парчами давлатӣ моро ба сӯи дастовардҳои навин ҳидоят менамояд,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Суди Олӣ
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар сокини мамлакати мо буда, шаҳрвандонро ба зиндагии оромона, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, пешрафти ҷумҳурӣ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд. Чунин ибрози назар намуд имрӯз зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.
Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид дошт, ки мояи ифтихор аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар қатори дигар масъалаҳои муҳимтарин дар он ҳамчунин нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул шуд.
Қабули ин рамзи давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро атрофи фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри талош ба сулҳу субот, созандагӣ ва соҳибдавлатӣ муттаҳид сохт.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони ҷумҳуриро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири рушду камол ва ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Қабули Парчами давлатӣ ба идома додани анъанаи парчамдории миллати тоҷик асос гузошт.


Солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири гиромидошти рамзҳои давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе сутунпояи бузурги Парчам ифтитоҳ гардид, ки дар он Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр қомат афрохта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ гардид.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди мамлакат дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Дар ҷамъомад иштирокчиён дар мавзуъҳои «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихору руҳбаландӣ ва ибрози саодату садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардида, моро ба сӯи музаффарияту дастовардҳои навин ҳидоят менамояд.
Дар ҳақиқат муқаддас будани Парчам аз он иборат аст, ки ҳисси ҳимояи он дар қалби ҳар соҳибватан ба он андозае мебошад, ки шахс қодир аст худро қурбон намояд, аммо нагузорад, ки парафшонии парчам халалдор гардад. Чунки парчам рамзи озодӣ, истиқлолияти комил ва муттаҳидии миллат дар атрофи он мебошад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






