Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд

Ноябрь 25, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои мо мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки 24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, баён намуданд.

«Мо дар Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила рақамӣ намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва бизнес саъю талоши зарурӣ ба харҷ медиҳем. Консепсия ва Барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Дар робита ба ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар чорчӯби Барномаи СПЕКА ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад.

Ҷиҳати гузаштан ба ҳамкории бештар сифатноки давлатҳо дар соҳаи тиҷорати электронӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти тиҷоратӣ изҳори омодагии ҷониби Тоҷикистон карда шуд.

Пешвои миллат бо мақсади тақвияти ин раванд андешидани чораҳои заруриро оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки таъсиси  паркҳои технологӣ ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи технолгияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 25, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон