Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Москва пуршукуҳ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 1165-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи рӯдакишиносон, шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Русия ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ҳамоиш бо ибтикори Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад. Либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои зебои мамлакати азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи баргузории ин ҳамоиш ба намоиш гузошта мешаванд.
Барномаи адабӣ аз қисмати ифтитоҳӣ ва барномаи рангини эҷодӣ иборат буда, саҳнаҳои театрӣ, рақсҳои мавзуну дилнишин, суруду таронаҳо дар иҷрои сарояндагони маъруф, қироати шеърҳо дар иҷрои ҳамватанони муқимӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ва ғайра дар барномаи адабӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Инчунин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуда, осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






