Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ бо кишти картошкаи зери плёнка ва парвариши чорво шинос шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ бо ҷараёни кишти картошкаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии «Файз-5»-и деҳаи Нури Вахш, парвариши ҳайвони калони шохдор ва захираи хӯроки чорво дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ваҳҳоб Турдиев, воқеъ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Хоҷагии деҳқонии «Файз-5» 5 гектарро ташкил дода, шумораи саҳмдорон 8 нафар мебошад. Самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба сабзавоткорӣ нигаронида шудааст.
Раиси вилоят бо сарвари хоҷагӣ ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқот намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, сари вақт кишт намудани зироати ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум дастуру тавсияҳои судманд дод.
Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки шаҳрванд Ваҳҳоб Турдиев дар ҳавлиаш зиёда аз 50 сар чорвои калони шохдорро барои гӯшт парвариш менамояд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, нигоҳ доштани сифатҳои ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани зотҳои нави сермаҳсули чорво дар ин самт корҳои назаррасро ба сомон расонидан зарур аст.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзӣ, барои хушзоткунии чорво феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 119 нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият менамояд, ки 103 адади он дар деҳаҳои калон ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ҷойгир аст. Дар 10 моҳи соли равон 14 095 сар ҳайвони калони шохдор ба таври сунъӣ бордор шуда, 10780 насли хушзот гирифта шудааст.
Раиси вилоят ба фаъолияти чорвопарвар баҳои баланд дода, иброз намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имконият барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ хеле зиёд аст. Аз ин рӯ бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ ба зиёд намудани саршумор эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






