«РОҒУН»- ИНШООТИ АЗИМИ АСР. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ин неругоҳ шинос шуд

Ноябрь 30, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Ҳамзамон онҳо  бо мардони шуҷою матин – бунёдкорони ин кохи бузурги  энергетикии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар радифи дигар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат  гурӯҳи устодону донишҷӯёни ин Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ  бо фаъолияти бунёдгарони иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум, сарбанди неругоҳ, нақбҳои нақлиётию ёрирасон, обқабулкунакҳои доимӣ, толори мошинҳо, обанбори тозабунёд ва ғайра аз наздик шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди соҳибватани Тоҷикистон аҳлонаву содиқона кӯшиш менамояд, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳмгузор бошад. 

АКС: Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд