Рўзи Президенти Тоҷикистон рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст

Ноябрь 16, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 инҷониб таҷлили он оғоз гардидааст, нишонае аз қадрдонии миллати мо ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.  

Гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ дорои иқтидори хеле тавонои илмӣ гардид, ки ин дастовард вобаста  ба сиёсати  пешгирифтаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баланд бардоштани маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  олимони моро хеле руҳбаланд намуд.

Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар ҷумҳурӣ таҳия ва татбиқ мегарданд. Ин тамоми соҳаҳои илмро дар бар мегирад.

Имрӯз саҳми олимони тоҷик дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошад, махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа ҷолиби диққат аст. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби ҷумҳурӣ корҳои илмӣ –таҳқиқотӣ  рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.

Олимони тоҷик давоми ин солҳо дар иҷрои зиёда аз 50 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 12 мавзуи илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020», 14 мавзуи ташаббусӣ ва 6 мавзуъ аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Илова бар ин ба тарбияи кадрҳои баландихтисос низ диққати ҷиддӣ дода шуда, хизматҳои олимони ҷавон пайваста қадрдонӣ  мешаванд.

Ҷавобан ба ин дастуру супоришҳо ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат мо, олимонро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи омодасозии  олимони ҷавон аҳамияти бештар дода, сатҳу сифати омӯзишро беҳтар намоем,  зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда ба ҳамин омилҳо вобастагӣ дорад. Инчунин  бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарастӣ тарбия намудани насли ҷавони  кӯшиш ба харҷ диҳем.

Алиҷон ҒОИБЗОДА,
ноиби президент, раиси Шуъбаи тиббӣ ва фармасевтӣ,
аъзои вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст