Ширкати «Jinrui Investment Company» дар самти коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ менамояд

Ноябрь 17, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини роҳбари генералии ширкати сармоягузории «Jinrui Investment Company» Ванг Ҳао ва муовини роҳбари ширкат Вей Cяо Дон мулоқот намуд, ки зимни он ширкат тасмим гирифт ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имконияти васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.

Дар мулоқот намояндагони ширкат тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намуда, барои боз ҳам сифатнок намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон даврҳои омӯзишӣ гузаронанд, ки ин ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки «Jinrui Investment Company» ширкати муштараки Ҷопону Чин ба ҳисоб рафта, асосан ба хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лимӯ ва гелос машғул аст. Макони асосии сармоягузории ширкат дар шаҳри Осакаи Ҷопон ва вилояти Гуандуни Чин мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 17, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад