«Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалаҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон». Доир ба он конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Ноябрь 4, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотираи  академик Абдуғанӣ Мирзоев дар мавзуи «Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалаҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсияро директори Маркази мероси хаттӣ Раҳматкарим Давлатов  ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «академик Абдуғанӣ Мирзоев яке аз нахустин ва машҳуртарин муҳаққиқони соҳаи  адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва таърихи адабиёти тоҷик буда, бо дарёфтҳои илмии муҳимму пурарзиши худ дар роҳи таҳқиқи таърих,  тамаддун, фалсафа, забон, фолклор, маъхазшиносию матншиносии адабиёти тоҷик, робитаҳои адабӣ ва тарғиб намудану дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани беҳтарин намунаҳои адабиёти пешин саҳми бузург ва шоистаи таҳсин гузоштааст».

Академик Кароматулло Олимов дар бораи Абдуғанӣ Мирзоев хотираҳои хешро иброз намуд. Сарходими илмии Маркази мероси хаттӣ Олимҷон Хоҷамуродов дар мавзуи «Бунёдгузори илми шарқшиносии тоҷик ва захираи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ходими пешбарии илмии Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо Ғиёсиддин Ғодиров дар мавзуи «Нигоҳе ба таърихчаи хат ва хаттотӣ дар Хуросон», мудири шуъбаи Маркази мероси хаттӣ Алии Муҳаммадӣ дар мавзуи «Нусхаҳои хаттии мероси адабии Абдулҳайи Муҷахарфӣ», мудири шуъбаи Маркази мероси хаттӣ Маҳмадёр Шарифов дар  мавзуи «Аҳамияти хат дар ҳифзи моликияти зеҳнӣ» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки доираи фаъолияти ин донишманди пухтакору меҳнатдӯст бисёр васеъ ва доманадор буда, аз таълифи мақолаҳою очеркҳо, дастурҳои таълимию китобҳои дарсии мактаби миёна ва тасвири дастнависҳою таҳияи феҳристҳо то навиштани китобҳои мукаммали адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт ва робитаҳои адабиро фаро мегирад. Абдуғанӣ Мирзоев дар муддати фаъолияти чиҳилсолаи бобаракати худ қариб 300 асару мақола навишта, дар ҷодаи таҳқиқи таърихи тамаддуну фарҳанги халқ ва ривоҷу равнақи илмҳои ҷомеашиносии тоҷик хидмати арзишманд анҷом додааст.

Устод Абдуғанӣ Мирзоев, ки зинаҳои касби камолоти ӯ ба ҷараёни ташаккулу инкишофи илму маърифати муосир ва ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни илми филология дар Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, то вақти ба мақоми баланду сазовори илмӣ расиданаш роҳи пуршебу фарози ҷустуҷӯро тай намудааст.

Гуфта шуд, ки ӯ солҳои 1939-1942, ки ин айёмро дар фаъолияти илмии ӯ давраи ҷустуҷӯ ҳисобидан мумкин аст, дар баробари ба кори таълиму тарбия шуғл варзидан оид ба масъалаҳои гуногуни забон, фолклор ва таърихи адабиёти тоҷик як силсила мақолаҳою пажуҳишҳои муҳим чоп намуда, барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мактабҳои миёна ба таълифи китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷик мепардозад ва дар роҳи бо дастурҳои таълимӣ таъмин намудани мактабҳо хизмати шоистаи тақдир анҷом медиҳад.

Баъди омӯзишу пажуҳишҳои зиёд олими ҷавони закӣ ва дурандеш пайраҳаи фаъолияти худро дар илм ёфт ва қарор дод, ки фаъолият ва ҷидду ҷаҳди худро асосан ба таҳқиқи яке аз давраҳои омӯхтанашудаи таърихи адабиёти тоҷик – адабиёти асрҳои XYI-XIX равона созад. Абдулғанӣ Мирзоев ҳаёти худро дар роҳи аз қаъри асрҳо ва аз зери гарди фаромӯшии қарнҳо берун овардану зинда гардонидани ному осори даҳҳо адибони даврони пешин нисор намудааст.

АКС: Маркази мероси хаттӣ

Ноябрь 4, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад