«Тоҷикон» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ саҳми арзанда доранд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши асарҳои «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони якчанд вазорату идораҳо, аъзои шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони бахши кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо иштирок намуданд
Иброз гардид, ки «номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни чеҳраҳои мондагор бо ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро офариданд. Қобили тазаккур аст, ки миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ талош намудааст.
Тоҷикон яке миллатҳои куҳанбунёд ва дорои фарҳанги ҷаҳоншумул буда, нақши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Академик Бобоҷон Ғафуров барои зинда гардонидани таърихи куҳани миллати тоҷик ҷонбозиҳои зиёд намуда, дар давраи басе ҳассоси таърихӣ ва сиёсӣ китоби «Тоҷикон»-ро навиштанд, ки далели ғайрату матонати бузурги ин шахсияти таърихӣ мебошад.
Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шаҳодатнома ва ё муаррифи таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошад. Вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқоти илмӣ, амиқ дарк намуда тавонистани моҳияти назаривию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон дод, ки ба навиштани «Таърихи халқи тоҷик» шуруъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин асар аввалин таҳқиқоти пурра ва ҷамъбастӣ оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам –тоҷикон аст. Аҳамияти дигари ин асар аз он иборат мебошад, ки вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст. Ин асари ҷамъбастӣ ба таърихнигории бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Ҳадафи аллома Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум мебошанд.
Китоби «Тоҷикон» барои дар руҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Амали басе ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп шуда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ доданд, ки фарҳангу таърихи пурғановати ин миллати куҳанбунёдро зинда намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ намоянд.
Асари бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб мешавад, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аст. Дар ин асарашон Пешвои миллат мегӯянд, ки «… тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз намудан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии ҷумҳуриро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад». Воқеан қишри фаъоли ҷомеаи тоҷик вазифадор аст, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷавононро дар руҳияи ифтихори миллӣ ва эҳтиром доштан ба таърихи пурғановат тарбия намуда, дар мустаҳкамшавии мафкураи сиёсии ҷавонони тоҷик саҳм гузорад.
Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» аз таҳқиқи илмӣ мақсади фаротар дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи ин асар хостаанд, ки сабақҳои таърихро ба хизмати ояндаи давлату халқи тоҷик гузоранд ва таъкид менамоянд, ки «рӯ овардан ба таърих амали якдафъаина нест, балки он бояд муттасил ва доимӣ бошад».
Дар маҷмуъ асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» арзиши бузурги илмиву сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад, зеро ин асар мутобиқи ғояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва талаботи маънавии ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистонӣ мебошад. Он на танҳо маълумоти дақиқ ва муҳими таърихӣ медиҳад, балки барои насли ҷавон роҳнамо дар самти ватандориву ифтихори миллӣ аст.
Ин асар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вусъат додани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон ва ифтихори миллии мардуми мамлакат, боз ҳам мустаҳкамтар намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва раванди сулҳу ваҳдату созандагӣ мебошад.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон