ҶУДО. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади машқӣ-таълимии худро дар Сочи мегузаронад

Ноябрь 16, 2023 18:14

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи гӯштини  ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду давлат ҷамъомади машқӣ-таълимӣ ташкил намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷамъомади машқӣ-таълимии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  13  ноябр дар Маркази омодагии олимпии Сочи оғоз гардида, то 20  ноябр идома меёбад. Ин марҳалаи асосии омодагии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо   ба  мусобиқаи байналмилалии  «Tokyo Grand Slam 2023»   маҳсуб мешавад, ки аз 2 то 4  декабри соли равон баргузор мешавад.

Тибқи дархости пешакӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар охирин мусобиқаи «Сайри ҷаҳонии ҷудо-2023» – Гранд Слами Токио 11 нафар байни мардҳо намояндагӣ менамоянд.

Инҳо Меҳрзод Суфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов,  ҳарду дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66кг, Абубакр Шеров ва Беҳрӯз Хоҷазода, ҳарду дар варзни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов  дар вазни  то 81кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов  дар вазни то  90кг  ва  Эмомризо Анварзода  дар вазни  то 100кг    мебошанд.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 16, 2023 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд