Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт

Декабрь 13, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи  миллӣ ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров  дар Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур  то 5 январи соли 2024  идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири  шуъбаи экскурсионӣ ва омммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон- академик Юсуфшоҳ Яъқубов, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзалӣ Асоев, инчунин гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Шоира Давлатзода иштирок намуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 120 ашёи нодири таърихӣ, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Инчунин аксҳо аз ҷараёни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо «Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров» ва суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, пешниҳоди тамошобинон гардонида  шудаанд.

Дар қисмати марказии намоиш китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик  аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа гардид, ба маърази тамошо  гузошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров  бо мукофотҳои баланди  давлатӣ- шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи  Меҳнат  ва чандин медалу нишонҳо  қадрдонӣ ва чанде аз онҳо дар  намоиш ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад