Дар Давҳа табодули сафарҳои донишҷӯён байни Тоҷикистон ва Қатар муҳокима шуд

Декабрь 12, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар Ғоним бин Шоҳин бин Ғоним ал-Ғоним баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи табодули сафарҳои донишҷӯёнро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти ҳифзи мероси исломӣ, табодули сафарҳои коршиносон ва танзими муштараки конфронсу семинарҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии зуҳуроти ифротгароии динӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон тарафҳо атрофи дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкории дуҷониба табодули назари судманд намуданд.

АКС: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид