Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оид ба беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ ба анҷом расид

Декабрь 8, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои ояндаи бехатар» ба охир расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ҷаласа бо мақсади муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба, баррасии вазъ дар минтақа ва муайян намудани мушкилоти асосӣ дар давраи афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво ва ҳодисаҳои иқлимӣ, ки ба рушди иктисодиёт ва хоҷагии халқи тамоми мамлакатҳо зарар расонида, ҳаёту некуаҳволии аҳолиро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд, баргузор гардид.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки чунонки коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳадс мезананд, гармшавии ғайримуқаррарии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳон баландтар мушоҳида мешавад. Оқибатҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон падидаи хеле нигаронкунанда буда, боиси талафоти ҷонӣ ва хисорот мешаванд.

«Боварӣ дорам, ки вохӯрии мо майдоне хоҳад шуд, ки ба мамлакатҳои мо имкон медиҳад, то ба ҳадафҳои глобалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ноил шаванд», — таъкид дошт ӯ.

Дар чорабинӣ ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Қарор шуд, ки нишасти навбатӣ соли 2024 дар Теҳрон баргузор шавад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 8, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд